Муаррифии лоиҳаи нав

Март 20, 2012 17:00

Душанбе, 20 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз, 20 март дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе лоиҳаи нав- низоми санҷиши имконияти воридшавии муҳоҷирон ба қаламрави Федератсияи Русия муаррифӣ гардид, ки дар маросими он кормандони масъули Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Зимни муаррифии лоиҳаи мазкур Рустам Холиқов, директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба ҳадафҳои таҳия ва роҳандозии лоиҳаи мазкур ибрози назар намуданд. Лоиҳа ё худ низоми бақайдгирии онлайн дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ягона буда, он барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Русия сафар менамоянд, хеле муҳим аст. Назар ба иттилои Рустам Холиқов, лоиҳа дар асоси супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва таъмини рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия гардидааст. Роҳандозии низоми мазкур мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро дар рафтуомад ва убури онҳо аз гузаргоҳҳои марзии Русия, хусусан фурудгоҳҳо ва баҳисобгирии теъдоди муҳоҷирон осон менамояд. Ба роҳ мондани низоми мазкур барои шахсоне, ки аз қаламрави Русия депорт шудаанд ё ҷиноят содир намудаанд, роҳро мебандад. Яъне, тавассути низоми нав шахсони мазкур имкон доранд, ки аз хароҷоти зиёдатӣ ва сафар ба Русия ҷилавгирӣ намоянд. Сафиаллоҳ Девонаев доир ба аҳамияти лоиҳа гуфт, ки он қадами ҷиддиест дар мавриди танзим ва ба рӯйхатгирии онлайнии муҳоҷирони меҳнатӣ, дастрас намудани иттилоот байни Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Лоиҳа ҳамзамон дар тақвияти ҳамкориҳои самарабахши ҳирфаии ду идораи марбутаи Тоҷикистону Русия дар бахши танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ нақши босазо мебозад. Лоиҳа ғайритиҷоратӣ буда, барои беҳбуди вазъи хизматрасонӣ ба мусофирон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар гузаргоҳҳои марзии фурудгоҳҳо афзалияти бештар дорад. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо се ниҳод — Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия амалӣ шудааст.

Март 20, 2012 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад