Мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Нилуфари Назар ва Манижа Баҳромзода).- Имрӯз дар Дафтари амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба мукобили хариду фурӯши одамон ва даври шашуми муколама дар мавзӯи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон доир гардид. Дар ҷаласа маълумоти раиси Комиссияи байниидоравӣ -мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Раҷабов доир ба натиҷаи фаъолияти Комиссия дар соли 2011 ва ҳисоботи роҳбарони гурӯҳҳои кории Комиссияи байниидоравӣ доир ба рафти иҷрои Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо шарикони иҷтимоӣ, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 дар рейтинги байналмилалии давлатҳои ба муқобили хариду фурӯши одамон муборизабаранда як зина боло баҳогузорӣ гардид. Ҳамзамон масъалаи риояи қонунгузории ҷорӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти манъи истифодаи меҳнати маҷбурии мактаббачагон ва донишҷӯён дар корҳои саҳроӣ,аз ҷумла ҷамъоварии пахта мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода шуда, доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои зарурӣ қабул гардиданд. Инчунин зимни чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ низ ибрози андеша карданд. Қобили тазаккур аст, ки мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар маркази диққати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар айни замон дар қаламрави кишвар Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 татбиқ гардида истодааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






