Мулоқот бо сафири Куба дар ДСРС
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар арафаи 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Куба дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мулоқоти аъзои раёсати Ҷамъияти «Тоҷикистон — Куба» бо сафири Куба дар ҶТ Абелардо Фабио Эрнандес Ферреро баргузор гардид. Раиси раёсати Ҷамъияти «Тоҷикистон — Куба», доктори илми таърих, профессор Ҷӯра Латифов аз фаъолияти ҷамъияти мазкур нақл карда, нақшаҳои кори ояндаи онро баён намуд. Ҷ.Латифов иброз дошт, ки фаъолони ҷамъият вазифаи худро дар васеъ намудани доираи дӯстдорони Куба, байни ҷавонон тарғибу ташвиқ намудани фарҳанг ва санъати халқи Куба мебинанд. Дар ин росто конфронсҳои хонандагон аз рӯи асарҳои нависандагони маъруфи Куба роҳандозӣ шуданд. Ҷамъият ният дорад, ки дар Мактаби мусиқии рақами 1 – уми шаҳри Душанбе гӯшаи «Куба дар партави дӯстӣ» — ро кушояд ва бо мадади Иттифоқи нависандагони ҶТ асарҳои нависандагону драматургҳои Кубаро ба забони тоҷикӣ тарҷума намояд.Хотирнишон месозем, ки аъзои Ҷамъияти «Тоҷикистон – Куба» ки соли 2006 таъсис ёфта буд, иборат аз рассомон, иқтисоддонон, олимон, ходимони фарҳанг, мутрибон ва ғайра мебошанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






