Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо А.Солеҳӣ

Март 9, 2012 11:51

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 8 март вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Солеҳӣ, ки бо боздиди расмӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, иқтисодиёт, энергетика, маориф, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории мутақобилан муфиди ду кишвар дар соҳаи энергетика ва нақлиёт, аз ҷумла дар бахши татбиқи НБО «Сангтӯда — 2», сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол», лоиҳаи пайвастани роҳҳои оҳани Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чинро таъкид сохтанд.Ҳ.Зарифӣ зарурати афзун намудани ҳаҷми муомилоти моли байни ҳар ду давлат, ҷалби сармояи Эрон ба соҳибкории хурду миёна, рушди ҳамкории техникӣ дар соҳаи кишоварзию саноат ва сиёсати молиявиро зикр намуд. Вазири ВКХ Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ дар бахши маориф ҷудо кардани квотаҳои таълимӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар бахши илмҳои дақиқ, хусусан, дар соҳаи муҳандисӣ, тиб, геология ва ғайра мутобиқ ба эҳтиёҷоти Тоҷикистон аст. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Март 9, 2012 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад