Мулоқоти Э.Раҳмон бо А.Зуев
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории бистсолаи Тоҷикистон ва СММ, ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкории самарабахш мавриди муҳокима қарор гирифтанд.А.Зуев аз рӯи натиҷаи мулоқот зикр намуд, ки зимни сӯҳбат Сарвари ҶТ Э.Раҳмонро бо 20 – солагии узвияти Тоҷикистон дар СММ муборакбод намуда, ба ӯ аз натиҷаи ҳамкории бисёрсоҳаи ҶТ бо СММ муфассал нақл кард.А.Зуев ҳамчунин иброз дошт, ки соли гузашта ҳамкории Тоҷикистон ва СММ басо муваффақиятнок буд, «мо бори нахуст ҳаҷми барномаҳои СММ дар Тоҷикистонро, ки 70 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, афзун намудем».А.Зуев ҳамчунин хабар дод, ки дар мулоқот масъалаи омодагӣ ба офатҳои эҳтимолии табиӣ дар мавсими обхезӣ, ки метавонанд бинобар боришоти фаровони барф дар соли ҷорӣ рух диҳанд, муҳокима шуд.Мувофиқи суханони А.Зуев, «алҳол ҳамкории Тоҷикистон ва СММ асосан дар дастгирии рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон, афзун намудани нерӯи мақомоти ҳокимият дар ҳамаи сатҳҳо зуҳур меёбад». Қобили зикр аст, ки алҳол дар минтақаҳои мухталифи тоҷикистон 22 муассисаи СММ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 700 кас кор мекунад. Имрӯз бо дастгирии ниҳодҳои СММ лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои кишоварзӣ, рушди деҳот, саноати косибӣ, обёрӣ, энергетикаи хурд ва ғайра дар амал татбиқ карда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






