Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Маттис

Март 31, 2012 11:03

Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Маттисро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамгироии судбахши сохторҳои низомию амниятии ду кишвар дар муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризму ифротгароӣ ҳамзамон роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории минбаъда муҳокима гардид. «Тоҷикистон ҳамоно хоҳони тавсиаи бештари ҳамёрӣ бо Амрико дар бахшҳои мухталифи амниятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошад», — изҳор намуд зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҷеймс Маттис ба нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон ва ҳам дар бозсозии иқтисодиёти ин кишвар баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвари мо арзи сипосу қадрдонӣ кард. Таъкид гардид, ки бо назардошти нақши буферии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Амрико минбаъд низ кумакҳои худро ба нерӯҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои низомию амниятии дахлдори кишвари мо дареғ намедорад, пеш аз ҳама барои тақвият додани заминаи моддию техникии онҳо. Аҳамияти густариши чунин ҳамкорӣ, хусусан аз соли 2014, ё худ пас аз хуруҷи нерӯҳои посдори сулҳ аз Афғонистон калон арзёбӣ гардид. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои иҷтимоӣ-сиёсии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Март 31, 2012 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст