Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони бонувони фаъоли кишвар
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар»). — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар бо намояндагони бонувони фаъоли кишвар мулоқот намуд. Мулоқоти навбатии анъанавии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони бонувони фаъол, ки аз тамоми гӯшаю канори кишвар ҷамъ омаданд, дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин мулоқот занону духтарони касбу кори гуногун аз сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, олимону омӯзгорон, табибон, донишҷӯён, адибаҳои маъруф ва шахсиятҳои дигари шинохта, ки дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон нақши намоёни ҷамъиятӣ гузоштаанду доранд, иштирок намуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми модарон ва занону духтаронро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо хушбахтию сиҳатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз беш аз 45% аҳолии машғули кори кишварро занону духтарон ташкил медиҳанд ва шумораи умумиашон зиёда аз як миллион нафар аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки аз 15 ҳазор нафар кадрҳои роҳбарикунанда 5 ҳазораш занону духтарон аст ва ин ба андешаи Сарвари давлат нокифоя аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки ба таълиму тарбияи духтарони оқилу доно, хушлаёқат ва дорои қобилияти роҳбарикунанда дар тамоми гӯшаю канори кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад. Бо арзи қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки тайи 15 соли охир бо квотаҳои президентӣ тақрибан 8 ҳазор ҷавондухтарон, пеш аз ҳама, аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон соҳиби таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва касбу ҳунар шуданд ва беш аз 3 ҳазори дигар имрӯз таҳсили илм мекунанд. Ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз 150 ҳазор донишҷӯёни имрӯза 45 ҳазораш духтарон мебошанд. Тавре таъкид гардид, занону духтарон натанҳо дар тавлид ва таълиму тарбияи насли наврас, балки дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа бояд нерӯи тавоною муқтадир ва ташаббускори ободӣ ва пешрафту шукуфоиҳо будани худро пайваста собит намоянд. Бо ёдоварӣ аз гарнтҳои президентӣ ба занони соҳибкор таъкид гардид, ки дар зарфи 5 соли охир ба ин восита беш аз 21 ҳазор нафар занон бо кор таъмин карда шуданд ва қариб 20 ҳазор нафари дигар дар курсҳои кӯтоҳмуддат касбу ҳунар омӯхтанд. Тибқи иттилои Сарвари давлат, шумораи занони аз бонкҳо барои соҳибкорӣ қарзгиранда низ ба маротиб афзудааст. Агар соли 2006 55 ҳазор зан 168 миллион сомонӣ қарз гирифта бошанд, пас дар соли 2011 103 ҳазор нафар 521 миллион сомонӣ қарз гирифтаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба нақши муассири занону духтарон дар рӯзгору оила таъкид намуд, ки онҳо дар риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол бошанд. Дар қисмати дуюми мулоқот миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва занону духтарони фаъол маҳфили ошкорои пурсишу посух сурат гирифт. Зимни он олимаи тоҷик Насиба Содиқова, ятимдухтари донишҷӯ Марҳабо Файзиева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии Тоҷи Зарин Зарина Муллоева, Мудири кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо, Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Исфара Муҷибахон Ҷавҳарова, Сартабиби Пажӯҳишгоҳи бемориҳои узвҳои ҳозима Саодат Азимова ва ду шоираи ширинкалом — Меҳринисо ва Рӯдобаи Мукаррам изҳори андеша карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт






