Мулоқоти Гул Шералӣ бо Сафири Норвегия
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Даг М. Халворсен баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, муайян намудани имкониятҳо доир ба татбиқи лоиҳа доир ба бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт. Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия аз 29 апрели соли 2010 ба имзо расидааст. Ҳамчунин дар доираи тафоҳумнома Маркази Тоҷикистону Норвегия ва Комиссияи байниидоравӣ ташкил дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






