Мулоқоти Оқил Оқилов бо ҳайати кории Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо ҳайати кории Бонки ҷаҳонӣ мулоқот кард. Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, кам кардани талафоти нерӯи барқ ва тақвияти корҳои таҳкими соҳил мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Тавре ки таъкид гардид, ду даҳсола боз Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика ҳамкорӣ дошта, дар айни замон нӯҳ лоиҳаи муштарак ба маблағи беш аз 160 миллион доллар мавриди татбиқ қарор дорад.Аз ҷониби ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба талошҳои ҷониби Тоҷикистон дар роҳи татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва бартарафсозии мушкилоти камбудии барқ баҳои баланд дода шуда, омодагию ҳавасмандии онҳо барои ҳамкорӣ ва идомаи дастгирии пайвастаи рушди бонизоми иқтисодиёти Тоҷикистон баён гардид.Дар навбати худ Оқил Оқилов аз роҳбарият ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ даъват намуд, ки дастгирии ҳамешагии молиявию техникии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистонро таҳким бахшида, барои ҳалли мушкилоти марбут ба соҳаи энергетика ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ талошҳои хешро бо ҷониби Тоҷикистон ҳамоҳанг созанд. Дар мулоқот ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






