Мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо Осиф Алӣ Зардорӣ

Март 25, 2012 09:00

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар»). — Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ва баъдан зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пайвастагӣ ва муҳтавои мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар изҳори боварӣ намуд, ки рушди робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳам амниятии Тоҷикистону Покистон натанҳо ба нафъи ҳарду кишвар, балки кулли минтақа, аз ҷумла Афғонистон мебошад. Аз густариши бесобиқаи робитаҳои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, ки боиси афзоиши намоёни ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар гардидааст, изҳори хушҳолӣ карда шуд. Ба идомаи машваратҳои судманди сиёсӣ ва таҳкиму густариши ҳамкории миёни сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир низ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 25, 2012 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд