Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Сафири Яман

Март 29, 2012 09:53

Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 28 марти соли равон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев Сафири Ҷумҳурии Яман дар Федератсияи Русия Ҳасан Муҳаммад Ал-Раиро бино ба хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.Дар вохӯрӣ роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Яман, гузаштаву имрӯзи сатҳи робитаҳо, будубоши шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Яман табодули назар сурат гирифт.Сафири Тоҷикистон зимни сӯҳбат аз таърихи тамосу робитаҳои дуҷониба ва муштаракоти таърихию фарҳангӣ аз даврони шӯравӣ ва фаъолияти мутахассисони тоҷик дар Яман, бахусус, шифокорону тарҷумонҳо ёдовар шуд.Ҳангоми дидор авзои Яман, бо назардошти гирудор ва нооромиҳои маълум дар он кишвар ва дастёбии ахири ҷонибҳои мухолиф ба созиш аз мавзӯъҳои меҳварии сӯҳбат қарор гирифт.Сафири Тоҷикистон аз нигаронии ҷомеаи тоҷикистониён дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар ҷаҳони араб, аз ҷумла дар Яман ёдовар шуд ва аз поён ёфтани хушунату даргириҳо ва ба тавофуқ расидани ҷонибҳои мухолиф дар Яман изҳори хушнудӣ намуд.Ҳасан Муҳаммад Ал-Раӣ перомуни раванди баҳамойӣ дар Яман, аз ҷумла ҷузъиёти давраи гузариш, президенти нави Яман интихоб шудани Абдурабӯҳ Мансур Ҳодӣ, дарки зарурати сулҳу ваҳдат аз сӯи пешвоёни ҳизбҳои гуногуну аҳли ҷомеа, инчунин душвориҳои мавҷуда, аз ҷумла, мушкили иқтисодӣ дар кишвар ва қатъияту талошҳои фарогир барои беҳбуди фазои кору зиндагӣ изҳори андеша намуд. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Март 29, 2012 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт