Мулоқоти Ш. Зуҳуров бо ҳамтоёни худ

Март 27, 2012 16:51

Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зимни иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки ба муносибати 20 – умин солгарди таъсиси ин ниҳод баргузор гардид, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо раиси парлумони Қирғизистон А.Ш Жээнбеков, раиси Сенати парлумони Қазоқистон К. А. Мами, раиси палатаи поёнии парлумони ин кишвар Н.З. Нигматулин ва раиси Кумитаи корҳои ИДМ ва робита бо ҳамватанони Думаи Давлатии Федератсияи Русия Л. Слутский мулоқот намуд. Дар мулоқот раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамтоёни худро бо 20-умин солгарди Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ табрик намуда гуфт: « 20 сол аст, ки мо дар паҳлӯи ҳамдигар фаъолият намуда, доимо аз мавқеъҳои муштараки кишварҳои иттиҳоди мазкур пуштибонӣ менамоем. Ассамблеяи байнипарлумонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносиботи байналмилалӣ, на танҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ ва шинохта шудааст». Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки сохтори таъсисдодаи мо муҳим будани худро ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими минтақавӣ, ҷаҳонӣ ва ироаи пешниҳодҳои ҷолиб ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ исбот намудааст. Дар мулоқот инчунин масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни парлумони Тоҷикистон, парлумонҳои кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия, густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои об, кишоварзӣ, фарҳанг, варзишу туризм ва дигар соҳаҳо баррасӣ гардиданд. Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ ба Алмаато дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф чунин зикр кард: ниҳоди мазкур дар системаи муносиботи байнипарлумонии байналмилалӣ ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил гардидааст ва ман умедворам, ки таҷлили 20 – умин солгарди ин созмон, на танҳо обрӯ ва нуфузи онро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баландтар мебардорад, балки раванди устувореро дар рушди парлумонҳои кишварҳои аъзои он ба вуҷуд хоҳад овард.

Март 27, 2012 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд