Мулоқоти Шариф Саид бо Ҳоҷӣ Абдулҳасин Фаҳим

Март 28, 2012 17:09

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз, 28 март, дар шаҳри Душанбе раисони палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Афғонистон Шариф Саид ва Ҳоҷӣ Абдулҳасин Фаҳим мулоқот намуданд.Шариф Саид дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки гуфтушунидҳо ҳангоми сафараш ба Афғонистон ибтидои ҳамкории байни ду палатаро гузоштанд. Баъди ин сафар дар шаҳри Душанбе ду намоишгоҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон доир гардид. Намоишгоҳи ҳозира дар доираи Конфронси байналмилалии ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон ташкил ёфта ва идомаи ҳамон иқдомот мебошад.Шариф Саид ҳамчунин зикр намуд, ки ташкили намоишгоҳҳои муштарак ва ҷамъомадҳои тоҷирон ба рушди муносибатҳои иқтисодии ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа мусоидат мекунанд. Ҳоҷӣ Абдулҳасин Фаҳим дар навбати худ зикр намуд, ки палатаҳои ҳар ду кишвар дар рушди ҳамкории байни мамлакатҳо мақоми хоса доранд. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба ҳамтоёни афғонашон пешниҳод намуд, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе боз як намоишгоҳи Афғонистонро доир намуда ва дар намоишгоҳи байналмилалие, ки Палатаи савдо ва саноати ҶТ доир менамоянд, иштирок кунанд.

Март 28, 2012 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад