Мулоқоти У. Давлатзод бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 31 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазир Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Саодат Бозорова сурат гирифт. Аз Вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баҳри рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ибрози назар намуданд. Ҳамчунин ҳангоми мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки воқеан рушди соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб мегардад ва татбиқи бештари лоиҳаҳо дар ин соҳа мувофиқи мақсад мебошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






