Муносиботи Тоҷикистону Қатар дӯстонаанд
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Чанде қабл ман ба сӯҳбати Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гардидам ва ба эшон салому паёми амири Қатарро расонидам», — гуфт пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал- Хоҷирӣ.Вай афзуд: мо зимни мулоқот дар бораи муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар мубодилаи афкор кардем. Ҷойи шубҳа нест, ки робитаҳои Тоҷикистону Қатар ҳамин гуна идома меёбанд. Яке аз дастовардҳои муҳими мо кушоиши сафорати Қатар дар Душанбе ва сафорати Тоҷикистон дар Доҳа мебошад. Орзуи онро дорем, ки муносибатҳои мо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, инчунин дигар бахшҳо густариш меёбанд.«Ман аз фурсат истифода бурда, ба Президенти Тоҷикистон барои доир кардани чунин як конфронс роҷеъ ба Афғонистон миннатдории худро баён мекунам ва боварӣ дорам, ки ин конфронс барои пешрафту шукуфоии кишвари Афғонистон мусоидат хоҳад кард», — тазаккур дод дар хотима Алӣ ибни Фаҳд ал- Хоҷирӣ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






