Муовини нави раиси Суғд
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13 март дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят Қоҳир Расулзода қарорашро дар бораи муовини раиси вилояти Суғд таъин шудани Ҷамшед Норинов қироат намуда, ӯро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Ҷамшед Норинов 14 декабри соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд ёфта, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодшинос хатм намудааст. Ӯ фаъолияти кориашро дар шӯъбаи молия ва баъдан дар идораи молияи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар вазифаҳои роҳбарикунанда оғоз намуда, аз декабри соли 2006 то моҳи марти соли 2012 ба ҳайси муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






