Муроҷиати ШКСХ «Барқи тоҷик» ба аҳолӣ
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – ШКСХ «Барқи тоҷик» аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки қарзи барои истифодаи нерӯи барқ доштаашонро то 1 апрели соли 2012 пардозанд, зеро аз 1 апрели соли ҷорӣ нархҳои нави истифодаи нерӯи барқ ва гармидиҳӣ ҷорӣ карда мешаванд.Дар ин бора роҳбари хадамоти матбуоти ШКСХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. «Ба манзури ҷилавгирӣ аз нодурустфаҳмӣ байни кормандони хадамоти энергетикӣ ва истифодабарандагони нерӯи барқ, ҳамчунин роҳ надодан ба хатоҳо ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ШКСХ «Барқи тоҷик» аз мизоҷони худ хоҳиш менамояд, ки қарзи барои истифодаи нерӯи барқ доштаашонро то 1 апрели соли ҷорӣ пардозанд», — шарҳ дод манбаъ.Хотирнишон месозем, ки аз 1 апрели соли 2012 нархи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолӣ бо дарназардошти андози арзиши изофӣ барои як киловатт — соат 11 дирамро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






