Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба варзиши сабук
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13- 14 марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказӣ мусобиқаи ҷумҳуриявиро доир ба варзиши сабук доир менамояд. Дар мусобиқа ҳайати дастаҳо аз вилояти Суғд, ВМКБ, Хатлон, шаҳри Душанбе, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва минтақаи Рашт аз рӯи шаклҳои мухталифи варзиши сабук: эстафета, ядро, диск, партофтани найза ва путк, ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ, ҷаҳиши сегона иштирок менамоянд. Ғолибоне, ки дар масофаҳои алоҳида ҷойҳои 1,2,3-ро ишғол мекунанд, аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бокс А Воҳидов. ва мураббӣ Д. Фатҳуллоев то 15 марти соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон дар ҷамъомади тамринӣ ва таълимии варзишӣ фаро гирифта мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






