Мусодираи ҳашиш дар дидбонгоҳи «Файзобод-Қалъа»
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»).- 26 марти соли 2012 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи «Файзобод-Қалъа» мошини тамғаи «ВАЗ-21099», рақами давлатиаш ВР 19-92 01/РТ, таҳти идораи ронанда Орзуев Саламшоҳ Холиқович (сокини ҷамоати деҳоти Меҳвар, деҳаи Бедак, бекор) боздошт гардидааст. Ҳангоми тафтиши мошини ӯ, аз дохили борхалта маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазнаш 2 кг 450 грамм дарёфт ва мусодира карда шудааст. Инчунин ҳангоми тафтиши анбори манзили ӯ 10 кг 895 грамми дигар ҳашиш (ҷамъ 13 кг 345 грамм) дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






