Мусодираи 3 килограмму 15 грамм ҳашиш
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- 3 марти соли 2012 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Додарбеков Д. (соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, ҷамоати деҳоти Панҷ, бекор) дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 1 адад селофан, ки дар дохилаш мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи тафтишоту кофтуковии Раёсати корҳои дохилӣ аз 3 март, 3 килограму 15 грамм маводи нашъадори ҳашиш дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар ин бора ба «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






