Мусодираи маводи нашъаовар
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Назрулло Асозода).- Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии Точикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, санаи 8 марти соли 2012 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе маълум гардид, ки шаҳрванд Бобоназаров Бахтиёр Назаралиевич (соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, бекор), пеш аз ин бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ мувофиқи маълумотномаи Раёсати тафтишотию кофтуковии Вазорати корҳои дохилии Точикистон аз 08 марти соли 2012 1 килограмму 984 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 0,8 грамм маводи нашъадори героин дарёфт ва мусодира карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






