Мусодираи нӯшокиҳои спиртӣ бе тамғаи аксизӣ

Март 2, 2012 16:52

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ аз ҷониби кормандони нозироти андози шаҳри Хучанд беш аз 15 ҳазор адад нӯшокии спиртӣ мусодира карда шуд. Сабаби мусодираи маҳсулоти мазкур бе тамғаи аксизӣ будани онҳост. Нӯшокиҳои спиртӣ аз анборе дар назди автовокзали қасабаи 34 дарёфт гардиданд. Ҳангоми наворбардорӣ ва мусодираи маҳсулот соҳибони он ба ҷои ходиса наомаданд. Мутобиқи маълумот маҳсулоти мусодирагардида аслан ба ҶДММ “Куруш”- и ноҳияи Спитамен, “Сомғор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров, “Хайём”, “Шароб” ва “Шоҳин”-и шаҳри Хуҷанд тааллуқ дорад. Ҳама намуди нӯшокиҳои спиртии фурӯшӣ бояд тамғаи аксизӣ дошта бошанд. Масъулин иброз доштанд, ки амалиётро онҳо сари вақт иҷро намуданд, вагарна дар акси ҳол нӯшокиҳои спиртии зикршуда, ки шумораи зиёдро ташкил медоданд, бе тамғаи аксизӣ ба муомилот бароварда мешуданд. Тибқи қонунгузории ҷорӣ барои ҳар як литр арақ 1 евро андоз муқаррар шудааст. Ҳарчанд маблағи муқарраршудаи андози аксизӣ он қадар гарон набошад ҳам, бо вуҷуди ин истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони маҳсулоти зераксизӣ дар ин самт ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ медиҳанд. Лозим ба таъкид аст, ки соли 2011 дар вақти гузаронидани корҳои назоратӣ 19 ҳазору 192 шиша нӯшокии спиртии бе тамғаи аксизӣ мусодира карда шуд. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби мутахассисони нозироти андози шаҳри Хуҷанд аз оғози соли равон 21 ҳазору 758 шиша нӯшокии спиртӣ, ки зиёда аз 40 намудро ташкил медиҳад, мусодира карда шуд, ки ин миқдор нисбат ба тамоми давраи соли гузашта зиёд мебошад. Мутахассисони соҳа бо мақсади пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зераксизӣ нақша доранд назоратро боз ҳам пурзӯр намуда, ба ин восита воридоти маблағи андоз аз маҳсулоти зераксизиро ба буҷа пурра ва сари вақт таъмин намоянд.

Март 2, 2012 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд