Мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ

Март 26, 2012 14:09

Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Ҳадаф аз ин чорабиниҳо қабл аз ҳама мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад. — Ҳамзамон, онҳо ба муаррифии имкониятҳои воқеии иқтисодиёти кишварҳои мо дар ин самт нигаронда шудаанд», — иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани соҳибкорон, ки дар ҳошияи Конфронси панҷуми RECCA-5 26 марти соли равон доир гардид. Сарвари давлат афзуд, ки ду намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки қаблан дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буданд, доираи робитаҳо ва ҳамкориҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишварро ба таври назаррас васеъ гардонид. Имрӯз ширкатҳои зиёди муштараки мо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар густариши робитаҳои судманди кишварҳоямон саҳм мегузоранд. «Бовар дорам, ки чорабиниҳои имрӯза низ ба ин раванд такони тоза бахшида, дар маҷмӯъ ба ривоҷу равнақи муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои мо мусоидати фаъол хоҳанд кард», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Март 26, 2012 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!