Мусоидати сафорат ба шаҳрвандон

Март 14, 2012 09:32

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки 10 марти соли равон дар натиҷаи сӯхтор дар мағозаи хӯроквории «Карина», воқеъ дар шаҳраки Белопесотскийи ноҳияи Ступинаи вилояти Маскав чанд тан, аз ҷумла ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шоҳназари Шоҳмурод, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва Ҳасанов Сангалӣ Савзалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон осеб дидаанд.Онҳо пас аз вуқӯи ҳодиса дарҳол ба шифохонаи марказии ноҳияи мазкур оварда шуда, аз он ба баъд пайваста зери муоинаи табибон мебошанд.Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, ки Сангалӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба корманди Сафорат зикр дошт, ки ӯ ҳангоми сар задани сӯхтор дар дӯкони масолеҳи бинокорӣ, воқеъ дар наздикии мағозаи «Карина» қарор дошт ва бо дидани оташсӯзӣ ба он сӯй шитобид. Бо ворид шудани Сангалӣ ба мағоза таркиш ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа ӯ осеб дид.Бино ба таъкиди табибон, ҷароҳати Шоҳназару Сангалӣ ҷароҳати дараҷаи миёна буда, вазъи онҳо дар ҳоли ҳозир мӯътадил аст.Ҳодиса мавриди пайгирии сафорат қарор дорад.

Март 14, 2012 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад