Намоишгоҳи маводи иттилоотӣ
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ва дар радифи ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустии ҶТ ва Барномаи Бунёди ҷаҳонии СММ имрӯз, 27 март, Намоишгоҳи маводи иттилоотӣ перомуни масоили бемории сил барои донишҷӯён, профессорон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир мешавад.Дар ин бора намояндаи оид ба масъалаҳои равобит бо аҳли ҷамъияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Таҳмина Алимамедова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ғайр аз ин, имрӯз дар «Кохи Ҷомӣ» маросими мукофотонидани ғолибони озмуни журналистон барои инъикоси беҳтарини масъалаҳои бемории сил дар ВАО баргузор мешавад. Ҳар ду чорабинӣ ба Рӯзи умумиҷаҳонии муборизаи зидди бемории сил бахшида шудаанд, ки онро ҳар сол аҳли ҷаҳон, аз ҷумла табибони Тоҷикистон ҳам 24 март таҷлил менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






