Нархи боинсофона
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 10 март Маркази бозори озоди Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатӣ дар мавзӯи «Нархи боиснофонаи иқтисоди бозаргонӣ» доир менамояд. Тавре дар маркази мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи сиёсати танзими давлатии нарх, судмандӣ ва ихтилофоти он мавриди муҳокима қарор мегиранд. Ҳамчунин пайомадҳои иқтисодии инҳисори бозор ва масоили самарабахшии сиёсати зиддиинҳисорӣ баррасӣ мешаванд.Танзими давлатии нархи иқтисодӣ кадом оқибатро ба бор меорад? Ин усул барои ҳифзи манфиати табақаҳои камбизоати аҳолӣ то ҷи андоза муфид аст? Усулҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ дар кишварҳои мухталиф то кадом дараҷа самарабахшанд ва вазъи рушди рақобат ва маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои молии Тоҷикистон чӣ гуна аст? — чунинанд мавзӯъҳои ҷаласаи навбатии клуби бозори озод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






