Насби таҷҳизот дар ҶДММ «Назирӣ»
Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷиҳати ба роҳ мондани истифодаи технологияи пешқадаму замонавӣ ва ворид намудани дастгоҳҳои заршӯии замонавӣ мунтазам чораҷӯӣ менамоянд.Дар корхонаи ҶДММ «Назирӣ» ба сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии 5 млн. 004249 сомонӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои заршӯии тамғаи ГГМ-3 1-адад, мошинҳои боркаши тамғаи «Хова», истеҳсоли Хитой 6-адад, экскваторҳои тамғаи «XGMA» 2-адад, борбардори 3,5 м3 тамғаи «XGMA» 1 адад, булдозери тамғаи «Т-170» 1-адад, таҷҳизоти кафшеркунӣ 1 адад, вагонҳо барои зист 3 адад, насоси обкашии тамғаи Д-200/60 1 адад ворид карда шуда, аз тарафи мутахассисон насби онҳо пурра ба анҷом расидааст. Ҳангоми ба кор шурӯъ кардани корхона 55 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.Дар назар дошта шудааст, ки корхона дар нимсолаи аввали соли 2012 ба фаъолият шурӯъ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






