Нашри падидае дар фарҳанги ҷаҳонӣ
Душанбе, 19 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Наврӯз ҳамчун падидае дар фарҳанги ҷаҳонӣ», чунин ном гирифтааст таҳқиқоти академии донишмандони тоҷик, ки дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз 19 март дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо иштироки муҳаққиқони шинохтаи тоҷик ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Китоби мазкур бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмии мусиқии мардумони Шарқ (Борбад) дар нашриёти «Контраст»-и Душанбе ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расидааст. Мураттибони китоб донишмандони шинохтаи тоҷик Аскаралӣ Раҷабзода ва Муҳаммадраҳим Каримзода заҳмати зиёд ба харҷ дода беҳтарин мақолаҳои олимони кишварҳои ҷаҳон, амсоли Тоҷикистон, Эрон, Фаронса, Русия ва Амрикоро, ки ба хусусиятҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшида шудаанд, гирд овардаанд. Бори нахуст мақолаҳои олимони тоҷик ва хориҷӣ дар шакли маводи таҳлилии типологӣ, сарчашмаҳои хаттӣ дар китоб баррасӣ гардидаанд. Китоб дорои моҳият ва арзиши баланди илмию таърихӣ буда, нақш ва асолати Наврӯз ҳамчун падидаи нек дар фарҳанги ҷаҳонӣ маънидод гардидааст. Зимни муаррифии китоб донишмандони шинохтаи тоҷик Акбар Турсон, Саъдулло Раҳимов, Рӯзии Аҳмад, Юсуф Нуралиев, Муҳаммадраҳим Каримзода ва Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабианӣ, кормандони масъули Сафорати Покистон ва Туркия дар Душанбе Муҳаммади Алӣ ва Алӣ Мурод доир ба вижагиҳои хоси Наврӯз, таърих ва пайдоиши ин ҷашни бузурги ориёитаборҳо ибрози назар намуда, Наврӯзро, ки ҷашни қадимаи байналмилалист, эҳёи табиат, пирӯзии нур бар зулмот, некандешию хайрхоҳӣ, муттаҳидию сарҷамъӣ ва орзую омоли неки мардумон арзёбӣ карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






