Натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 25-26 феврали соли равон дар шаҳри Остонаи кишвари Қазоқистон мусобиқаи кушоди байналмилалӣ доир ба карате-кёкушинкай миёни наврасон ва ҷавонони синни то 14 сола доир гардид. Дар чорабинӣ 450 варзишгар аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Олмон ширкат варзиданд. Кишвари моро дар ин чорабинӣ 13 нафар варзишгари дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ таҳти раҳбарии раиси Федератсияи карате-кёкушинкайи мамлакат Ҳикматулло Кароматов намояндагӣ карда, зимни рақобат ва қувваозмоӣ натиҷаҳои хуби варзишӣ ба даст оварда, бо 8 медал аз мусобиқаи мазкур ба ватан баргаштанд. Ҷовид Икромов дар вазни 30 кг ва Сироҷиддин Ҷалилов дар вазни 40 кг ба гирифтани медали тилло, Фарзод Нуруллоев дар вазни 40 кг ба гирифтани медали нуқра ва Искандар Яъқубов, Баҳром Бурҳонов, Муҳибулло Нуров, Гулаҳмад Раҳматшоев ва Уктам Давлатов ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






