Натиҷаҳои RECCA-V эътимодбахшанд

Март 27, 2012 17:28

Душанбе, 27 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 27 март дар Душанбе Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистон /RECCA-V/ бо қабули Эъломияи Душанбе-2012 анҷом ёфт.  Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул баъд аз фарҷоми ин чорабинии муҳим аз натиҷаҳои он барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд. Зикр шуд, ки иштироки сарони кишварҳои минтақа –Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон, ҳайатҳои баландпояи 46 кишвар, 30 созмони байналмилалӣ ва олимону муҳаққиқон, инчунин намояндагони доираҳои соҳибкорӣ дар конфронс гувоҳи аҳамияти бузурги он аст. Ҳамрохон Зарифӣ гуфт: вазифаҳои бисёрсамтаи конфронс дар рафти иҷлосияи умумӣ, нишастҳои гурӯҳҳои кории он, инчунин дар мулоқоти ғайрирасмӣ баррасӣ гардида, зимни онҳо хоҳишмандон имкон доштанд, ки аз таҷрибаи мусбат миёни ҳукуматҳо, созмонҳои гуногун доир ба масъалаҳои ҳамгироӣ ва рушду субот дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ибрози андеша ва табодули назар намоянд. Ҳангоми баррасии мавзӯъҳо мо аз рафти татбиқи қарорҳои конфронси Истанбул натиҷагирӣ намуда, муносибат ва нақшаҳои нави худро ҷиҳати татбиқи муассири равандҳои ҳамгироӣ барои ояндаи наздик тарҳрезӣ намудем. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи конфронс бо иштироки олимони кишварҳои иштирокчӣ симпозиуми илмӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаи зарурати таҳрики минбаъдаи татбиқи равандҳои ҳамгароӣ, ки ба ташаккули шароити муносиб барои рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ равона гардидаанд, баррасӣ ва заминагузорӣ шуд.Зимни конфронс ҳамчунин анҷумани соҳибкорони кишварҳои манфиатдор доир шуд. Дар он зарурати татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои ҳамгироӣ, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ равона шудаанд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин дар ҳамбастагӣ бо кори анҷумани соҳибкорон намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли кишварҳои минтақа баргузор шуд. Созмондиҳии чунин намоишгоҳҳо метавонад барои тақвияти рушди ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати тиҷорат, истифода ва сафарбарнамоии нерӯи инсонӣ хизмат намояд.Дар ҷараёни чорабиниҳо собит гардид, ки барои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи миллатҳо, давлатҳо, минтақаҳо ва ҷаҳон имкониятҳои бузурги истифоданашуда мавҷуданд. Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул арзи сипоси худро ба намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳри Душанбе барпо намудани конфронс ва иштироки фаъолона дар омодасозӣ ва баргузории он баён намуда, ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма посух доданд. Бояд тазаккур дод, ки ҷараёни баргузории Конфронси панҷуми минтақавии хамкориҳои иқтисодӣ доир ба Афғонистонро 300 хабарнигори расонаҳои мухталифи хабарии ҷаҳон инъикос намуданд.

Март 27, 2012 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд