«Наврӯз- ҷашни байналмилалӣ»
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). – 14-уми марти соли 2012 дар Кохи Ваҳдат таҳти унвони «Наврӯз- ҷашни байналмилалӣ» конфронси илмӣ баргузор мегардад. Дар кори он олимону адабиётшиносон, файласуфон ва адибону донишҷӯён ширкат мекунанд. Аз ҷумла, дар конфронс раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймуддинов маърӯза менамояд. Ҳамчунин дар конфронс суханронии сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Алиасғари Шеърдӯст, раиси Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) Усмон Назир, доктори илми фалсафа, профессор Акбари Турсон, доктори илми фалсафа Саъдулло Раҳимзода ва дигарон дар назар дошта шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






