Наврӯз аз нигоҳи донишмандон

Март 14, 2012 17:08

Душанбе, 14 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Баъди ҳазорсолаҳо ҷуғрофиёи ҷашни Наврӯз доман паҳн намуда, густариш ёфт ва ба ҷашни байналмилалии мардумони ориёитабор табдил гардид. Ин матлаб дар конфронси илмӣ, ки 14 март дар Душанбе таҳти унвони «Наврӯз- ҷашни байналмилалӣ» баргузор гардид, садо дод. Нишасти мазкур дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) созмон дода шуд ва дар он донишмандони шинохтаи кишварҳои форсизабон-Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ҳузур доштанд. Иштирокдорони он доир ба паҳлӯҳои мухталифи таърихи пайдоиши Наврӯз, фалсафа, суннатҳои Наврӯз, диди нав ба Наврӯзи бостонӣ, нақши Наврӯз дар ҳамгироии қавму миллатҳо табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки ду сол муқаддам, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Дар нишасти илмӣ мушовири Президенти ҷумҳурӣ Мансур Сайфиддинов, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, донишмандон ва файласуфони шинохтаи тоҷик Акбар Турсон, Усмон Назир, Додихудо Саймиддинов, Рӯзии Аҳмад, Саъдулло Раҳимзода, раиси Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадҳусайн Амир Ардуш ва хабарнигори Афғонистон дар Душанбе Ҳаётуллоҳи Кӯҳсор роҷеъ ба арзишҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ғояҳои инсонпарваронаи он аз нигоҳи ҷаҳониён сухан карданд.

Март 14, 2012 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад