Наврӯз дар Кембриҷ
Душанбе, 23 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир бо иштироки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ҷашни наврӯзӣ барпо гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Форуми Осиёи Марказии Донишгоҳи Кембриҷ ташкил шуда, аз ду қисм — мизи мудаввар ва барномаи фарҳангӣ иборат буд. Мавзӯи мизи мудаввар — “Имкониятҳои нав дар Роҳи Абрешим” буда, дар он Лорд Вейверли, Раиси гурӯҳи парлумонии Осиёи Марказӣ дар Парлумони Британияи Кабир, сафирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Қосимов, Қазоқистон, К.Абусеитов, Қирғизистон Б.Қаламбекова, намояндаи Бонки Рушди Аврупо дар минтақа М.Ҳонма, мушовирони сафорати Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Сафири Тоҷикистон зимни баромади хеш дар ин чорабинӣ ҳозиринро бо имкониятҳои Тоҷикистон дар эҳё ва рушд ёфтани Роҳи Абрешим шинос намуд. Аз ҷумла, маълумоти муфассал оид ба имкониятҳои ҷойдоштаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, хатҳои интиқоли барқ пешкаш гардид. Таваҷҷӯҳи хосса рӯи масъалаи сохтмони НБО Роғун дода шуд. Қайд гардид, ки сохтмони ин иншоот на танҳо масъалаи камчинии барқ дар Тоҷикистонро ҳалл мекунад, балки имконияти хуб барои интиқоли он барои кишварҳои ниёзманди минтақа медиҳад. Сафири Тоҷикистон инчунин, дар оғози барномаи фарҳангӣ китоби “Tajikistan @ 20”, ки аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои китобхонаи Донишгоҳи Кембриҷ ирсол шуда буд, ба намояндаи донишгоҳи мазкур тақдим намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






