Наврӯз дар мактаб – интернат

Март 30, 2012 15:59

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 29 март дар Мактаб – интернати рақами 4 – и шаҳри Душанбе, ки таҳти парастории Вазорати корҳои хориҷии ҶТ қарор дорад, ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз маросими идона баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ширкат доштанд.Ҳамрохон Зарифӣ толибилмони интернатро бо Рӯзи байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, ба онҳо дар таҳсилашон комёбиҳо орзу кард. « Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки барои ояндаи дурахшони шумо ҳамаи шароитро фароҳам орад», — гуфт вазири корҳои хориҷӣ. Сипас хонандагони мактаб барномаи консертиашонро намоиш доданд. Намоиши либосҳои миллӣ, мусобиқоти варзишӣ, саҳначаҳои гуногуни театрӣ, суруди «фалак» ва рақси бадахшонӣ дар иҷрои хонандагони синфҳои ибтидоии мактаб писанди меҳмони сершумор гардиданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Март 30, 2012 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд