“Наврӯзи ҷавонони ҷаҳон” дар «Ориёно»
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 29 марти соли равон дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯзи ҷавонони ҷаҳон” доир мегардад. Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ бо мақсади татбиқи супоришу дастурҳои Президенти мамлакат дар самти танзими ҷашну маросими мардумӣ ва дастгирии иҷтимоии ятимону бепарасторон маросими хатнасури кӯдакон ва тӯйи хонадоршавии ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






