Наврӯзи кӯдакон ва наврасони пойтахт

Март 28, 2012 17:36

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 31-уми марти соли равон Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» чорабинии идонаи «Наврӯзи кӯдакон ва наврасони пойтахт»-ро баргузор менамояд. Дар чорабинӣ намоиши ҳунару эҷоди кӯдакон, консерти истеъдодҳои наврас, мусобиқаҳои варзишӣ ва баргузории хатнасури кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар назар дошта шудааст,- гуфт директори маркази мазкур Комилҷон Холов. Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ чорабиниҳои мухталиф давом доранд.Бовар дорем, ки баргузории «Наврӯзи кӯдакон ва наврасони пойтахт» барои беҳтар намудани омӯзиши ҳунар ва эҷодкории наврасон ҳиссаи арзанда мегузорад.

Март 28, 2012 17:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд