Наврӯзи кӯдакон ва наврасони пойтахт
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 31-уми марти соли равон Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» чорабинии идонаи «Наврӯзи кӯдакон ва наврасони пойтахт»-ро баргузор менамояд. Дар чорабинӣ намоиши ҳунару эҷоди кӯдакон, консерти истеъдодҳои наврас, мусобиқаҳои варзишӣ ва баргузории хатнасури кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар назар дошта шудааст,- гуфт директори маркази мазкур Комилҷон Холов. Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ чорабиниҳои мухталиф давом доранд.Бовар дорем, ки баргузории «Наврӯзи кӯдакон ва наврасони пойтахт» барои беҳтар намудани омӯзиши ҳунар ва эҷодкории наврасон ҳиссаи арзанда мегузорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






