«Наврӯзи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Март 31, 2012 11:20

Душанбе, 31 март, (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). — Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идона таҳти унвони «Наврӯзи кӯдакону наврасони пойтахт» баргузор гардид. Ҳанӯз субҳи барвақт чун рамзи Нарӯзи дилафрӯз дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳом миллӣ густурда шудаву кӯдакону наврасон шеъру сурудхонӣ мекарданд. Баъдан бо иштироки меҳмонон ва устодону муҳассилини макотиби навоҳии шаҳри Душанбе барномаи идонаи консертӣ баргузор гашт. Сараввал директори муассисаи давлатии кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Холов ҳамаи кӯдакону наврасонро бо фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз муборакбод намуда, эшонро ба эҳтиром доштан нисбати ҷашну анъанаҳои аҷдодӣ ва ба воя расидан дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарастӣ ҳидоят намуд. Чорабиниро суханронии муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова, меҳмонон аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбута ҳусни тоза бахшид. Дар ҷараёни консерти идонаи наврӯзӣ мӯҳассилин аз макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе бо шеъру суруд ва саҳначаҳо роҷеъ ба Наврӯз хотири ҳозиринро болида намуданд. Қобили зикр аст, ки ҳамчунин имрӯз дар ин чорабинӣ тӯи хатнасури чор тан аз кӯдакон аз оилаҳои камбизоат баргузор шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Муассиса ба кӯдакону наврасон тӯҳфаҳои идонаи наврӯзӣ супорида шуд.

Март 31, 2012 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад