Нигаронӣ аз банд будани роҳ
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Сӯҳбатулло Иноятуллоев).- Тайи чанд ҳафтаи охир бо сабаби бориши зиёди барф ва фаромадани тарма дар роҳҳои мошингарди манотиқи ҷумҳурӣ мардуми баъзе аз ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба мушкилиҳо дучор шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои охир мардуми ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз аз кам будан ё умуман набудани маводи хӯрокӣ дар мағозаҳо: орд, равған, макарон ва шакар азият мекашанд. Ногуфта намонад, ки ҳамасола дар ин деҳаи дурдаст барфи зиёд меборад ва дар ин сол баландии барф аз 1,5 то ба 2,5м расидааст. Аз меъёр баланд будани сатҳи барф ва дер омадани баҳор, ҳамчунин норасоии хӯроки чорво ва ба итмом расидани сӯзишворӣ барои мардум душвории зиёд пеш овардааст. Ҳамин тариқ, ба гуфти роҳсозон онҳо чанд рӯз аст, ки ба тозаву бартараф кардани барфи роҳҳо машғуланд ва то як ё ду рӯзи оянда роҳ кушода хоҳад шуд, аммо хавфи омадани тарма дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






