Оғози мусобиқаҳои кушоди бокс дар Суғд
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба таҷлили 20- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар толори варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ доир ба бокс миёни калонсолон шурӯъ гардиданд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин мусобиқот 96 нафар боксчиён аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Конибодом, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Мастчоҳ, Истаравшан ва Исфара ширкат меварзанд.Мақсади асосии баргузории мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ доир ба бокс миёни калонсолон дарёфти беҳтаринҳост, ки минбаъд ба чемпионати ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.Ғолибони мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ доир ба бокс миёни калонсолон 15 март муайян мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






