О. Оқилов: «Ҷараёни корҳои наврӯзиро вусъат бахшед»

Март 15, 2012 09:23

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллох).-14 март дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз — 2012 баргузор гардид. Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни Наврўз ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои ба ин мақсад равонашуда изҳори назар карда таъкид дошт, ки рафти омодагиҳо дар айни замон мувофиқи матлаб ба роҳ монда шуда, тадбирҳои тайёрӣ ба баргузории ҷашн бо маром идома доранд.Тавре ки таъкид шуд, корҳои омодагӣ дар бисёр самтҳо барои таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврўз-2012 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе анҷом ёфта, корҳои ободонию ороишӣ ва ташкилу таҳияи барномаҳои фарҳангию оммавӣ дар сатҳи зарурӣ идома доранд.Чорабиниҳои асосии таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврўз-2012 мувофиқи нақша дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати меҳмонони кишварҳои хориҷӣ ҷараён гирифта, аз барномаҳои идонаи фарҳангӣ, намоиши дастоварду ҳунарҳои мардумӣ, ташкили намоиши маҳсулоти гуногун ва чорабиниҳои оммавии варзишӣ иборат мебошанд. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки ҷиҳати дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳои омодагӣ ва ташкили чорабиниҳои миллии наврӯзӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҷараёни корҳои ободонию ороишии мавзеъҳои баргузории чорабиниҳои идонаро ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз вусъат бахшанд.

Март 15, 2012 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд