Оби дарёҳо ошомиданӣ нест?
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Бино ба гуфти роҳбари Маркази мониторинги муҳити зисти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Гулбаҳор Саидова, дар маркази мазкур то чӣ андоза ифлос шудани обу ҳаво аз рӯи маълумоти ҷамъшуда муайян карда мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар давоми ҳар моҳ як маротиба аз 34 нуқтаи гуногуни 24 дарёи ҷумҳурӣ намунаи оби гирифташуда аз ташхис гузаронида шуда, дараҷаи ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ муайян карда мешавад. Мувофиқи ташхисҳои Маркази мониторинги муҳити зист дараҷаи ифлосшавии обҳои дарёҳои Тоҷикистон ба меъёр мувофиқ аст.Бояд ёдовар шуд, ки соли 2011 дар асоси 600 намунаи оби дарёҳои ҷумҳурӣ наздик ба 8 ҳазор ташхис гузаронида шудааст. Ташхисҳо нишон доданд, ки оби дарёҳои Тоҷикистон дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ тозатарин обҳои дунёро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин дар ҳар шаҳру шаҳраке, ки аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад, обанбор ва ташхисгоҳ мавҷуд аст ва дар он ҷо кормандони идораҳои санитарию эпидемиологӣ ба таври доимӣ тозагии обро назорат мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






