Одамрабоӣ дар Суғд
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»).- 18 марти соли 2012 тахминан соати 16:30 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар назди беморхонаи марказии ноҳия шаҳрвандон Гулзода Давидова (соли таваллудаш 1966, сокини ҷамоати деҳоти Қуруқсой) ва Завра Элчибоева (соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Қуруқсой, бекор,) дастгир карда шуданд, ки онҳо бо маслиҳати пешакӣ набераи Г. Давидова хурдсол Ф. Давидова (соли таваллудаш 2012, сокини ҳамон ҷо)-ро дуздида, ба маблағи 1000 доллари ИМА ба шаҳрванд Ситора Баротова (соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 32, бекор) фурӯхтаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






