Омодагии шаҳриён ба истиқболи ҷашн
Душанбе, 14 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори таҷлили 90-солагии Душанбе аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар пойтахт «30 моҳи ободонӣ» эълон карда шуд. Иқдоми мазкур дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» баргузор гардид, матраҳ шуд. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳр иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа 2500 нафар намояндагони ҷамоатчигии пойтахт -раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои истиқоматӣ ҳузур доштанд. Раиси шаҳр зимни сӯҳбати ошкорои худ бо аҳли нишаст роҷеъ ба барномаҳои ободонии шаҳрдорӣ бобати омодагӣ ба таҷлили 90-солагии Душанбе ибрози назар кард. Иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки бо ширкати фаъолона дар чорабиниҳои марбут ба истиқболи ин санаи фархунда саҳми шоиста мегузоранд. М. Убайдуллоев ба масъулин дастур дод, ки барои ташкили рақобатпазирии корҳои омодагӣ миёни институтҳои шаҳрвандии пойтахт озмун гузаронида, мукофот низ муқаррар гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






