Озмуни «Зебосанам»
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон — 8 март ва Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи В.М.Ломоносов байни донишҷӯйдухтарон озмуни «Зебосанам» гузаронида шуд. Дар озмун донишҷӯи соли аввал аз рӯи ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ» Комила Давлатова мақоми аввалро касб намуд. Ҷойҳои 2 – юм ва 3 – юм насиби донишҷӯи соли 3 – юм аз рӯи ихтисоси «Математика ва информатикаи амалӣ» Нилуфар Ҷаъфарова ва донишҷӯи соли 3 – юм аз рӯи ихтисоси «Муносибатҳои байналмилалӣ» Фарангиз Умедова гардид. Ба ғолибони озимун мукофоту тӯҳфаҳо тақдим шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






