Парчами миллӣ дар корхонаи ватанӣ

Март 9, 2012 17:42

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили «Рӯзи модар» ҶДММ «Ёқут» дастгоҳи муосиру замонавӣ насб намуда, ба тайёр кардани парчамҳо шурӯъ намуд. Парчамҳои истеҳсолшаванда гуногунандоза буда, онҳо барои барафроштан дар бинову иншооти маъмуриву ғайримаъмурӣ, кӯчаҳои шаҳру ноҳия ва дафтарҳои корӣ дар назар дошта шудаанд. Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут — 2000» яке аз корхонаҳои навтарини соҳаи саноати сабук буда, бо техникаю технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст. Таҷҳизоте, ки ворид ва васл гардидаанд, барои муҳайё намудани ҷойи корӣ барои зиёда аз 1200 нафар буда, дар айни ҳол 980 нафар зану духтари маҳаллӣ бо ҷойи кор, музди меҳнати хуб (500-700 сомонӣ) ва хӯроки яквақтаи гарм таъмин мебошанд.Соли 2011 дар корхона 479 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.Соли 2011 корхона ба миқдори 5 млн. 167 ҳазору 622 сомонӣ ё ба миқдори 2 млн. 802 ҳазору 193 сомонӣ бештар маҳсулот истеҳсол намудааст, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2010 218,4 % — ро ташкил менамояд. Танҳо дар давоми моҳҳои январ – феврали соли 2012 корхона ба миқдори зиёда аз 2 млн. 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар айни ҳол дар корхона маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, аз қабили нимтана бо шим, камзӯл ва шими идона бо шеврон ва пагон (мардона), камзӯли зимистона (занона ва мардона), фурнитура барои либосҳои низомии сохторҳои қудратӣ, куртаи сафеди мардона ва занона, бушлати зимистона, камуфляжи тобистона, кителу шими идона, кителу шими ҳамарӯза, куртаи сафеди остиндароз (мардона ва занона), кӯлоҳ, болопӯши боронӣ, кӯлоҳҳо барои афсару аскарон ва шаҳрвандон, либосҳо барои мактаббачагон истеҳсол мешаванд.Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ ҷиҳати таъсис додани коргоҳи пойафзолдӯзӣ ва сумкабарорӣ, ҳамчунин коргоҳи мебел бо муҳайё намудани 150 — 200 ҷойи нави кории иловагӣ идома дорад.

Март 9, 2012 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад