Пешниҳоди кишоварзон ба Кодекси нави андоз
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони вазорат бо ҳайати намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси кумита П.С. Юсупов ва сардори раёсати ташкили андозбандии соҳибкорони инфиродӣ Ф.П. Давлатшоев перомуни Кодекси нави андоз доир гардид.Дар ҷараёни он кормандону мутахассисони вазорат пешниҳодҳои худро барои ворид намудан ба Кодекси нави андоз баён намуданд. Аз тарафи иштирокчиёни семинар доир ба пешбинӣ намудани иштибоҳҳо дар соҳаи гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла озод намудан аз андози арзиши иловашуда ҳангоми ворид намудани тухми зироатҳои кишоварзӣ, чорвои зотӣ, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ, нутфа, ҷанин, тухми инкубатсионӣ, таҷҳизоти бордоркунии сунъӣ, технологияи соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ, нуриҳои менералӣ, таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инҷунин технологияи саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тавсияву пешниҳодҳои муфид баён гардид.Вазорати кишоварзӣ татбиқи барномаи давлатӣ доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ҳамчунин аз фишангҳои андоз ва имтиёзҳо фаъолона истифода мебарад, дар таҳия ва қабули Кодекси нави андоз бо назардошти манфиати кишоварзон ва таъмини бозори дохилӣ саҳмгузорӣ мекунад.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






