Пешниҳоди кишоварзон ба Кодекси нави андоз

Март 30, 2012 17:21

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандони вазорат бо ҳайати намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси кумита П.С. Юсупов ва сардори раёсати ташкили андозбандии соҳибкорони инфиродӣ Ф.П. Давлатшоев перомуни  Кодекси нави андоз доир гардид.Дар ҷараёни он кормандону мутахассисони вазорат пешниҳодҳои худро барои ворид намудан ба Кодекси нави андоз баён намуданд. Аз тарафи иштирокчиёни семинар доир ба пешбинӣ намудани иштибоҳҳо дар соҳаи гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла озод намудан аз андози арзиши иловашуда ҳангоми ворид намудани тухми зироатҳои кишоварзӣ, чорвои зотӣ, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ, нутфа, ҷанин, тухми инкубатсионӣ, таҷҳизоти бордоркунии сунъӣ, технологияи соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ, нуриҳои менералӣ, таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, инҷунин технологияи саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тавсияву пешниҳодҳои муфид баён гардид.Вазорати кишоварзӣ татбиқи барномаи давлатӣ доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ҳамчунин аз фишангҳои андоз ва имтиёзҳо фаъолона истифода мебарад, дар таҳия ва қабули Кодекси нави андоз бо назардошти манфиати кишоварзон ва таъмини бозори дохилӣ саҳмгузорӣ мекунад.

Март 30, 2012 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад