Пирӯзии навбатии Сурайё Ҷумъаева
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ба рушду инкишофи варзиши тирандозӣ, ки навъи олимпии варзиш ба шумор меравад, роҳбарияти ҷамъияти ватандӯстони кишвар таваҷҷӯҳи пайваста ва доимӣ зоҳир мекунад. 23 – 26 — феврали соли равон мураббӣ – варзишгари Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозӣ, устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Сурайё Ҷумъаева ва варзишгари клуби вилоятии варзиши тирандозии вилояти Суғд Парвиз Ғафуров дар мусобиқаи кушоди Ҷоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Краснодар барпо шуд ширкат варзиданд.Аз рӯи навъбандии варзишии туфангчаи пневматикӣ байни занон Сурайё Ҷумъаева бо касби 472 хол аз рӯи ҳисоби шахсӣ мақоми аввал ва медали тиллои мусобиқаи бонуфузро соҳиб шуд. Бар асоси ҷамъбасти холҳои умумии дастаҳои ширкаткунанда аз шумори кишварҳои узви ИДМ аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ тими варзишгарони тирандози Тоҷикистон дар ин мусобиқаи кушод ба дарёфти ҷойи сеюм шарафёб шуд. Устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ Сурайё Ҷумъаева моҳи феврали соли 2005 дар Чемпионати кишварҳои мусулмонӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни бонувон мақоми дуввумро соҳиб гардида буд. Инчунин дар мусобиқаи байналмилалии тирандозӣ барои дарёфти «Ҷоми Иттиҳод» миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои узви ДОСААФ – и ИДМ – Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, варзишгар – мураббии Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозӣ Сурайё Ҷумъаева маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, дар намуди ПП – 2 мақоми сеюм ва дар намуди МП – 4 ҷойи аввалро соҳиб шуда, шарафи варзишии Тоҷикистонро боло бардошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






