Президентҳо Наврӯзро дар шаҳри Душанбе истиқбол мекунанд
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 25 март президентҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон дар шаҳри Душанбе дар маросими ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии Наврӯз иштирок менамоянд. Дар ин бора сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Давлаталӣ Назриев ба журналистон хабар дод. Сарони давлатҳо дар ҷараёни ташрифашон ба пойтахти Тоҷикистон мувофиқи нақшаи пешбинишуда як қатор мулоқотҳои дуҷонибаю сеҷонибаро анҷом медиҳанд.Давлаталӣ Назриев ҳамчунин зикр намуд, ки меҳмонони олиқадр дар Конфронси байналмилалии Наврӯз – 2012 ва дар маросимҳои идона дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт иштирок менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






